Дар Маркази оши палави Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд хуштаъмтарини оши палави ӯзбекӣ пухта мешавад. Ҳамрӯза ба ин марказ на камтар аз 3 ҳазор нафар барои ошхӯрӣ меоянд.
Сирри оши палави ӯзбекӣ дар он ифода меёбад, ки ин ҷо палав танҳо бо биринҷи яккачини хоразмӣ, сабзии зарди навъи “мушак” ва гӯшти гӯсфанди зоти нодири “жайдарӣ” пухта мешавад. Мавизи самарқандӣ аз мавзеи Челак ба ош нозукӣ ва мазаи хос илова мекунад. Тухми пухташуда ва ҳасиб аз гӯшти асп низ оши беҳтарини ӯзбекиро зебу оро медиҳанд.
Иқрор шавед, ки иштиҳоятон кушода шуд. Беҳуда нест, ки ин ҷо субҳро бо як мақол оғоз мекунанд: “Агар мурдан лозим ояд, бигзор аз палав бошад”.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст, шумо метавонед ҳамеша дар алоқа бошед!
Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар, ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!
Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.