Муштзани пешин ва тоҷири ӯзбек Ғафур Раҳимов, ки дар робита доштан бо олами ҷиноӣ гумонбар мешавад, президенти Эътилофи байналхалқии бокси ҳавасмандона – AIBA интихоб шуд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Раҳимов бо 86 раъй аз 134 овоз рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Москва президент интихоб гардид. ИМА пештар аз ин Раҳимовро бо гумони доду гирифт доштан бо "тоҷирон"-и маводи мухаддир шомили рӯйхати таҳримшудаҳо кард.
Таҳримҳои ИМА ба шаҳрвандон ва ширкатҳои Амрико иҷозат намедиҳад, ки бо Раҳимов тиҷорат кунанд. Ахиран хабар расид, ки дар сурати президенти AIBA интихоб шудани Раҳимов, ин навъи варзиш мумкин аст, аз иштирок дар бозиҳои олимии Токио дар соли 2020 маҳрум шавад.