Шоҳи Малайзия Муҳаммади V эълом дошт, ки аз тахт даст мекашад. Ӯ нахустин дар таърихи кишвар шоҳест, ки ба тарки салтанат то анҷоми муҳлати сари тахт нишастан тасмим гирифт.
Дар бораи сабабҳои аз тахт даст кашидани шоҳ маълумот дода намешавад, менависад Медуза.
Шоҳи Малайзия мансаби интихобист. Яке аз аъзои Шӯрои ҳокимон, ки ба ҳайати он шоҳзодаҳои валиаҳди нуҳ штати Малайзия шомиланд, шоҳ шуда метавонад. Шоҳ ба муҳлати панҷ сол бидуни ҳуқуқи бозинихобӣ интихоб карда мешаванд.
Муҳаммади V соли 2016 интихоб шуда, бояд то соли 2022 сари тахт менишаст. Баъди аз тахт даст кашидан Муҳаммади V султони Келантан боқӣ мемонад, менависад Euronews.
Моҳи ноябри соли 2016 дар бораи ба ғолиби озмуни “Мисс Москва-2015” (Маликаи Москва-2015) Оксана Воеводина хонадор шудани Муҳаммади V маълумот нашр шуд. Дар ин бора хабарҳои расмӣ чоп нашуда буданд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.