“Истиқлол” бо “Локомотив”-и Тошканд дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 вомехӯрад

Ба чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 зарур аст, ки дар марҳилаи пешакӣ тими “Локомотив”-и Тошканд ва дар марҳилаи плей-офф дастаи “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудиро мағлуб созад. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи пешакии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 […]

Ба чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 зарур аст, ки дар марҳилаи пешакӣ тими “Локомотив”-и Тошканд ва дар марҳилаи плей-офф дастаи “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудиро мағлуб созад.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи пешакии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 “Истиқлол” бо дорандаи медалҳои нуқраи Лигаи олии футболи Ӯзбекистон – тими “Локомотив”-и Тошканд бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 21-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ дар ин вохӯрӣ, дар марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқа рӯзи 28-уми январ “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Аҳли” аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Дар сурати роҳ ёфтани “Истиқлол” ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020, дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон – тими “Регар-ТадАЗ” дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 иштирок мекунад.

Агар “Истиқлол” ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 роҳхат дарёфт кунад, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои “Ал-Ваҳда” (АМА), “Ал-Шорта” (Ироқ) ва ғолиби ҷуфти 3-юми плей-офф бозӣ мекунад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2020

Даври дуюми пешакӣ

21 январ (сешанбе)

«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Плей-офф

28 январ (сешанбе)

«Ал-Аҳли» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти «Локомотив» (Ӯзбекистон) / «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.