Дар ин бора мавҷуд набудани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии назди сари шоҳроҳҳо шаҳодат медиҳад ва ҷойҳое, ки онҳо сохта шудаанд, на ҳамеша ҷавобгӯи талаботи оддии санитарӣ-гигиенӣ мебошанд.
Ҳоҷатхонаҳои сари роҳ бозгӯи вазъи воқеии ҳар кадоме аз кишварҳо буда, аз дидани ҳолати онҳо метавон бе душворӣ дар бораи фарҳанги ин кишвар сари хулосае расид.
Ба ақидаи Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳоҷатхонаҳои сари роҳ бояд дорои тамоми шароитҳои хати обу корез, ҷойҳои шустушӯ ва аломатҳои ишоракунанда бошанд.
Мо бо вазъи чанде аз ҳоҷатхонаҳои сари роҳи Душанбе – Турсунзода шинос шуда, аксҳоро манзуратон мегардонем. Қазоват аз шумост.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.