Шубҳаи вакили парлумон аз таҷрибаи кишоварзони Чин

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод кард, заминҳое, ки дар он чандин сол инҷониб фермерҳои Чин пахтаву зироати полезӣ ва сабзавоту мева парвариш мекунанд, мавриди ташхис қарор бигиранд. “Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта […]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод кард, заминҳое, ки дар он чандин сол инҷониб фермерҳои Чин пахтаву зироати полезӣ ва сабзавоту мева парвариш мекунанд, мавриди ташхис қарор бигиранд.

“Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта мегиранд, аз деҳқонони тоҷик даъват мекунем, ки аз онҳо ибрат гиранд, таҷрибаи ҳамтоҳои чинии худро омӯзанд. Аммо касе андеша намекунад, ки оянда ҳоли ин қитъаҳои замин чӣ мешавад”, – изҳор дошт Саидҷаъфар Усмонзода имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ӯ пешниҳод кард, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон вазъи заминҳои иҷорагирифтаи чиниҳоро пайгириву ташхис кунанд.

“Санҷидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна маводи кимиёвӣ истифода мекунанд. Оё баъд аз рафтани онҳо мо аз ин заминҳо ягон ҳосил ба даст оварда метавониста бошем”, – иброз дошт вакил.

Вай афзуд: “Имрӯз аллакай ба туфайли тухмиҳои аз Чин ба кишвар воридшуда таъми пешинаи помидору бодиринг гум шудааст”.

“Дар ташвишам, ки шафтолу ва себи тоҷикӣ низ ҳамин хел мешаванд”, – таъкид дошт Усмонзода.

Суханронии пурэҳсоси вакил дар ҳоле ҷараён гирифт, ки имрӯз парлумон бо пешниҳоди ҳукумат корхонаи муштараки «Ҷунтай Хатлон син сулу»-и Тоҷикистону Чин ва ҶСК “Водии заррин”-ро, ки ба парвариши пахта дар қаламрави вилояти Хатлон машғуланд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ озод кард.

Вакилон розӣ шуданд, ки зимни воридоти пойгоҳҳои обкашӣ, қубурҳои пластикӣ, зеристгоҳҳои энергетикӣ ва таҷҳизот барои онҳо ин корхонаҳо аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.

Ба вакилон хабар доданд, ки номгӯй ва шумораи таҷҳизоти мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.