Интернети мобилӣ ва зангҳо ба шабакаҳои дигар дар Тоҷикистон қимат шуданд. То имрӯз харидории трафик бо бастаҳо имконпазир ва вобаста ба ҳаҷми ҳарчи зиёдтари баста, он арзонтар мешуд.
Қаблан як гигабайти интернет 30 сомонӣ нарх дошта, акнун барои ҳамин миқдори он ду баробар зиёдтар маблағ пардохт кардан лозим меояд. Нархи занг ба шабакаи дигар ширкатҳо 25 дирам барои як дақиқаро ташкил медиҳад.
Корбарон акнун чӣ чора меандешанд? Бевосита аз худи онҳо пурсидем.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.