Провайдер ё фароҳамкунандагони Интернет дар Қазоқистон рӯзи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва YouTube, инчунин паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи хабариро масдуд карданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гурӯҳи NetBlocks, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад, муаллифон гуфттанд, бархе аз шабакаҳо комилан аз кор монданд.
"Масдудсозӣ субҳи рӯзи панҷшанбе ё шаби чаҳоршанбе роҳандозӣ шудааст", – хабар додааст гуруҳи NetBlocks.
Гуфта мешавад, маҳдудсозии мазкур ба эҳтимоли зиёд баъди он роҳандозӣ шудааст, ки гурӯҳи дигарандешон тасмим гирифтанд, 9 май иқдоми эътирозӣ ба роҳ монанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба иттилои ин гуруҳ, қатъи дастрасӣ ба захираҳои интернетӣ санаи 9 май беназир будааст.
Рӯзи 9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ низ маҳдуд будааст. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов – мухолифи қазоқ – аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.