Бонки миллӣ бо назардошти коронавирус меъёри бозтамвилро поин бурд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ поин бурда, дар сатҳи 11,75%-и солона муқаррар кард. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин қарор бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимоли зиёд шудани таъсири хавфҳои пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ поин бурда, дар сатҳи 11,75%-и солона муқаррар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин қарор бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимоли зиёд шудани таъсири хавфҳои пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ қабул шудааст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.