Дар Тоҷикистон таснифбандии ҳатмии филмҳо вобаста ба синнусол ҷорӣ мешавад

Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи кино” тасдиқ кард. Тағйироту иловаҳо мақомоти ваколатдори соҳаи киноро уҳдадор мекунанд, ки филмҳо танҳо пас аз муайян кардани таснифбандии онҳо вобаста ба синнусол пахш ё намоиш дода шаванд. Вазорати фарҳанг ҳатман пешакӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии 0+, 6+, 12+, 16+ ва 18+ ба ҳар як […]

Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи кино” тасдиқ кард. Тағйироту иловаҳо мақомоти ваколатдори соҳаи киноро уҳдадор мекунанд, ки филмҳо танҳо пас аз муайян кардани таснифбандии онҳо вобаста ба синнусол пахш ё намоиш дода шаванд.

Вазорати фарҳанг ҳатман пешакӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии 0+, 6+, 12+, 16+ ва 18+ ба ҳар як филме, ки намоиши он дар шабакаҳои маҳалии телевизион ё толорҳои синамо пешбинӣ шудааст, маҳдудияти синнусолӣ муқаррар мекунад.

Ҳангоми намоиши филм субъектҳо бояд дар қисмати кунҷии экран тамғаи ҳуруфотии синнусолиро ишора кунанд.

Вакил Абдураҳим Ғаффорзода аз чунин тағйироту иловаҳо истиқбол карда, изҳор дошт, ки дар тарбияву таълим ва камолоти насли наврас кино нақши хеле муҳим дорад.

Гузашта аз ин, ӯ пешниҳод дорад, пахш ва намоиши филмҳое, ки ба арзишҳои миллӣ созгор набуда, ба насли наврас зиён оварда метавонанд, манъ карда шаванд.

Дар аксари кишварҳои дунё аз таснифбандии маҳсулоти иттилоотӣ ва ҳама гуна маводи садову симо, ки барои аҳолӣ тариқи телевизион ё толорҳои синамо намоиш дода мешаванд, васеъ истифода мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, кӯдакон бояд аз ҳама гуна маълумоте, ки ба онҳо зиёни рӯҳӣ ё маънавӣ оварда метавонад, бояд эмин нигоҳ дошта шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.