Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ харид

Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) харида, ояндаи наздик он ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, қарордод дар ин хусус байни ширкатҳои “Сифат-Фарма”-и Тоҷикистон ва “Ловенштен”-и Олмон ба имзо расидааст. Дар Вазорати тандурустӣ қайд карданд, ки бо фарорасии […]

Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) харида, ояндаи наздик он ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, қарордод дар ин хусус байни ширкатҳои “Сифат-Фарма”-и Тоҷикистон ва “Ловенштен”-и Олмон ба имзо расидааст.

Дар Вазорати тандурустӣ қайд карданд, ки бо фарорасии фурсати қулай дастгоҳҳо базудӣ ба Тоҷикистон расонида мешаванд, лекин айни замон роҳи ҳавоӣ баставу анҷоми ин кор душвор аст.

Зикр шуд, ки ба ҷуз дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, боз 95 навъи маводу таҷҳизоти тиббии дастрасшуда ба Тоҷикистон интиқол меёбад.

“Ин маводу таҷҳизот аз ниқобу сӯзандору, либоси муҳофизатӣ барои табибон ва ғайра иборат аст. Вобаста ба воридшавии маблағҳо, хариди маводи доруворӣ идома дорад. Захираи дорувории мо имрӯз кофист, вале дар сурати зарурат боз онҳоро харида метавонем”, – афзуд манбаъ.

Дар Вазорат доир ба маблағи масрафшуда барои харидани дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ маълумот надода, танҳо қайд карданд, ки ин маблағ аз буҷети давлатӣ ҷудо шуд.

Васоити ахбори умум менависанд, ки маблағи умумии ин шартнома 11 миллион сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ “Сифат-Фарма” аз соли 2017 дар бозори доруфурӯшии Тоҷикистон фаъолият мекунад, зикр шудааст дар торнамои ин ширкат.

Гуфта мешавад, самти асосии фаъолияти он фурӯши доруворӣ ва ашёи тиббӣ мебошад. Дорухонаҳои он дар тамоми ҷумҳурӣ мавҷуданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.