Сохтмони 10 қароргоҳ дар Душанбе барои меҳмонони баландпоя

Барои таҳвилгарони масолеҳи сохтмон ва техника ҷиҳати бунёди ин иншоот дар мавриди пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳо дода шуд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тайғйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” қабул кард, ки дар онҳо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба баъзе субъектҳо пешбинӣ шудааст. Муовини вазири молияи […]

Барои таҳвилгарони масолеҳи сохтмон ва техника ҷиҳати бунёди ин иншоот дар мавриди пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳо дода шуд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тайғйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” қабул кард, ки дар онҳо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба баъзе субъектҳо пешбинӣ шудааст.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ қайд кард, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ ширкатҳое озод карда мешаванд, ки сохтмони 10 қароргоҳ барои меҳмонони воломақомро дар Душанбе бо масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот таъмин мекунанд.

Ӯ қайд кард, ки иншооти мазкур дар шафати бӯстонсарои ҳукумат, воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд.

Ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳо, ширкатҳои таъмингари гулу бутта ва дарахтони ороишӣ барои пойтахт аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Зарурати пешниҳоди чунин имтиёзҳоро муовини вазири молия “муаррифии шоистаи имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ” ва “баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд” маънидод кард.

Ғайр аз ин, мутобиқи тағйироту иловаҳо ба буҷет, ба ширкатҳои таъмингари тухмиҳои кишоварзии сатҳи репродуктивӣ ва тухмиҳои хушсифат барои пиллапарварӣ, инчунин воридоти як чархболи Airbus аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” низ дар пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ имтиёз дода мешавад.

Илова бар ин, дар тағйироту иловаҳо озод кардани ширкатҳои машғул ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз пардохти андоз аз фоида, ААИ, андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард пешбинӣ шудааст.

“Ин тасмим баҳри тақвият бахшидан ба корҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун гирифта шуд”, – илова кард муовини вазири молия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.