Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Русия ба таъхир афтод

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки рӯзи 27 апрел дар торнамои Росавиатсия эълон шуда буд, мавқуф гузошта шуд. Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, имкони анҷом додани парвозҳо айни замон бо ҷониби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар маълумот қайд мешавад, ки “пайгирии маълумот доир ба ин масъала дар сомона ва саҳифаи намояндагии […]

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки рӯзи 27 апрел дар торнамои Росавиатсия эълон шуда буд, мавқуф гузошта шуд.

Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, имкони анҷом додани парвозҳо айни замон бо ҷониби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки “пайгирии маълумот доир ба ин масъала дар сомона ва саҳифаи намояндагии дипломатии Русия дар Facebook лозим аст (давоми рӯз метавонад тасҳеҳ шавад)”.

“Бори дигар таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки ба ин хатсайрҳо танҳо он шаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал – https://goo.su/0Wqw)”, – илова мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки хатсайрҳои баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба ватан рӯзҳои 30-юми апрел ва 3-юми май пешбинӣ гардида буданд: хатсайри ширкати “Сибир” аз Душанбе ба Новосибирск ва «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут, Екатеринбург ва Маскав.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия зимни муроҷиат ба ҳамватанон хоҳиш кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида дар мавриди ин масъала бовар накунанд.

“Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида, аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо худдорӣ намоед. Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд”, – таъкид кард сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.