Наздики 740 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ба собиқадорони ҶБВ дар вилояти Суғд

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 ҳудуди 740 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар он ҳалокшуда ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта мегиранд. Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар […]

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 ҳудуди 740 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар он ҳалокшуда ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта мегиранд.

Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ”, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокшуда 192 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор сомонигӣ) ва ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 546 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор сомонигӣ), дар маҷмӯъ наздики 740 ҳазор сомонӣ купакпулӣ тақдим мегардад.

Зикр шудааст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 4 нафар, Ашт 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров 5 нафар, Бӯстон 1 нафар, Деваштич 6 нафар, Исфара 4 нафар, Конибодом 3 нафар, Куҳистони Мастчоҳ 1 нафар, Мастчоҳ 2 нафар, Панҷакент 2 нафар, Спитамен 2 нафар, Ҷаббор Расулов 5 нафар ва Шаҳристон 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев хабар дод, имрӯз калонсолтарин собиқадор дар қаламрави вилоят 102-сола ва хурдсолтарин 94-сола мебошанд.

Қобили зикр аст, ки беш аз 300 ҳазор зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла 76 ҳазор нафар аз вилояти Суғд ба майдони набард сафарбар шуда, 45 ҳазор тоҷикистонӣ дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.