spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Омодагии доимии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он

Дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 17 май таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Конфронси сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори конфронс муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо, коршиносони даҳҳо кишварҳои хориҷ иштирок карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 дар Душанбе

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳ кард.

Зимни суханронии худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад.

“Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд”, – иброз дошт ӯ. 

Зимнан зикр шуд, ки фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама барои решакан кардани сабабҳои зуҳуроти терроризм муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд.

“Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зурурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем, – гуфт ӯ. –  Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баррасии мубориза бо терроризм дар конфронси Душанбе

Қайд шуд, ки Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст.

Дар охир Сарвари давлат бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он  ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон  муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков суханронӣ кард. Ӯ ба роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабинӣ изҳори сипос намуда, ба пешсафии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои арзанда дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...