Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сар аз 1 июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Ӯзбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.
"То ин замон содироти маснуоти заргарие манъ буд, ки аз 5 ҳазор доллар бештар арзиш дошт. Ин ҳам қатъиян манъ набуд, вале ҳуҷҷатгузориаш бештар буд. Ба ҷуз ин, пардохти иловагӣ дошт", – гуфтааст вай.
Ба гуфтаи Мирахмедов, ҳолатҳое буд, ки саёҳони хориҷӣ аз Самарқанду Бухоро мехостанд, маснуоти заргарӣ харидорӣ кунанд, аммо баъди он ки мефаҳмиданд, ҳуҷҷатгузории он мушкил дорад, аз раъйи худ мегаштанд.
"Акнун ҳар шахси воқеӣ метавонад, маснуоти заргарии мавриди писанди худро харидорӣ карда, ба хориҷ барад. Дар маҷмуъ, ин як қадами бузургест барои истеҳсолкунандаи ватанӣ", – изҳор намудааст ӯ.