Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии (КМИ) ҶТ перомуни ворид намудани тагйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» 11 пешниҳод таҳия кардааст. Дар робита ба ин мавзӯъ бо ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидати касбӣ ба баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ», ки Бунёди байнулмилалии низоми интихоботӣ доир кард, мулоқот доир гардид. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари Дастгоҳи КМИ ҶТ, комиссия пешниҳод дорад, ки барои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муқаррароти зарурияти дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан бекор карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки КМИ ҳамчунин пешниҳод дорад, ки дар гаравпулии интихоботӣ на миқдори маоши ҳадди ақал , балкимаблағи мушаххас нишон дода шавад ва воситаҳои воридшуда на ба буҷаи давлатӣ, балки ба буҷаи КМИ гузаронида шаванд. «Илова бар ин, мо пешниҳод дорем, ки ҷамъ кардани имзоҳо барои дастгирии номзадҳо бекор карда шавад, – идома дод М.Додоҷонов. – Дар сурати мавҷудияти чунин муқаррарот миқдори имзоҳои тақаллубӣ на бо фоизҳо (3%), балки бо рақами мушаххас (масалан 15 имзо) нишон дода шавад». Яке аз тағйиротҳои усулие, ки КМИ пешниҳод мекунад, ба чунин муқаррароти қонун дахл дорад, ки дар он аз як тараф интихобот озод ва ихтиёрӣ номида шудааст, аммо аз тарафи дигар, гуфта мешавад, ки интихобот дар он сурат доиргардида маҳсуб мешавад, ки агар дар он на кам аз 50%-и интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. «Ин ба таври демократӣ нест, бигзор ҳамон миқдори интихобкунандагоне ширкат варзанд, ки ба он майлу хоҳиш дошта бошанд. Мо пешниҳод дорем, ки меъёри эътирофи интихобот аз рӯи ширкати интихобкунандагон умуман бекор карда шавад», – изҳор дошт роҳбари дастгоҳи КМИ. Ба қавли ӯ, акнун КМИ пешниҳодоти худро барои омӯзиш ба комиссияи корӣ медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) изҳор дошт, ки муқаррарот дар бораи гаравпулии интихоботӣ бояд умуман аз матни қонун бароварда шавад. «Аксари номзадон ба курсии вакилӣ намояндагони равшанфикрон мебошанд ва бо мавҷудияти чунин муқаррарот мо онҳоро аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум месозем, чунки бештари онҳо дар камбағалӣ умр ба сар мебаранд, – таъкид сохт ӯ. – Бинобар он ҲНИТ минбаъд низ қотеъона талаб хоҳад кард, ки муқаррароти мазкур бекор карда шавад».
Комиссияи Марказии интихоботи ЧТ хостори тагйирот ба қонуни
Тарҷумаҳо: