Ронандаи автомашинаи тамғаи BMW, сокини 39-солаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Умедҷон Мавлонов рӯзи 17 июн дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷароҳатҳои бардошта модари ронанда – Шаҳодат Хоҷаеваи 79-сола дар ҷойи ҳдиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, худи ронанда ҷароҳатҳои сабук бардошта, аз рӯи ҳолатҳои ин ҳодиса таҳқиқот ҷараён дорад.
Қаблан субҳи рӯзи 16 июн автомашинаи қатори тӯй ба садама дучор шуда, модар ва холаи арӯс ба ҳалокат расиданд.
Сокини деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор Аҳлиддин Бӯриеви 48-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Тико” аз деҳаи Турушбоғ ба самти деҳаи Истонӣ, дар ҳудуди поёни деҳаи Турушбоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофирон Соатой Бӯриева, соли таваллудаш 1973, Фароғат Бӯриева, соли таваллудаш 1986, сокинони деҳаи Турушбоғ, модар ва холаи арӯс аз ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ҳалок шудаанд.
Гуфта мешавад, худи ронандаи автомашина Аҳлиддин Бӯриев ва Нозия Юсуповаи 1-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.