Дар Туркманистон рӯзи 12 август Анҷумани иқтисодии Каспий (Хазар) ба кор шурӯъ намуд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон давоми чанд ҳафтаи нопайдоӣ бори аввал дар ин анҷуман ҳузур пайдо кард.
Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов бо ғайб заданаш аз мазҳари ом овозаҳоеро дар бораи бемориву маргаш доман зад.
Дар анҷуман Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Эрон ширкат доранд. Намояндагони Москва ва Теҳрон ҳамкориҳоро дар шароити таҳримҳои амрикоӣ баррасӣ карданд.
Аммо хабари қобили таваҷҷуҳ дар ин анҷуман то кунун – харидории лимузинҳои "Аурус"-и русӣ аз сӯи президенти Туркманистон аст. Давоми ҳафт соли охир барои сохтани лимузинҳои мазкур аз буҷаи Русия наздики 200 миллион доллар харҷ шудааст.
Бори аввал "Аурус" дар маросими савгандёдкунии Владимир Путин соли гузашта истифода шуд. Ин лимузинҳо 280 ҳазор доллар қимат доранд.
Дар Анҷуман ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ягона лимузини сафедрангро нишон доданд. Вай гуфт, ранги лимузин барояш писанд аст. Бердимуҳаммадов ҳамчунин афзуд, мошин "ба гарониаш" меарзад.
То кунун аз "Аурус" танҳо мансабдорони рус истифода мебурданд: вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу маҳз дар ин навъи мошин дар гузашти низомӣ ширкат карда буд.