Ҳалокати 5 тан дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон якчанд ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд, ки бар асари онҳо 5 тан, аз ҷумла 1 кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ,  рӯзи 23 август дар роҳи мошингарди Деваштич – Истаравшан, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Яхтан ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Азизбек Тоҷиеви 26-сола […]

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон якчанд ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд, ки бар асари онҳо 5 тан, аз ҷумла 1 кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ,  рӯзи 23 август дар роҳи мошингарди Деваштич – Истаравшан, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Яхтан ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Азизбек Тоҷиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи “Опел-Астра” зери идораи Ҷаҳонбег Ботурови 37-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа мусофирони “Опел” Шоира Мирғиёсоваи 45-сола, Тӯтинисо Абдуллоеваи 79-сола ва Мавлуда Холиқбердиеваи 33-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Ронандагони автомашинаҳо низ дар бемористон бистарианд.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», сокини шаҳри Душанбе Мирзомуддин Мудинови 17-сола ҳангоми идораи мошин дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ назоратро аз даст дода, пиёдагарди ноболиғ, сокини ноҳияи Муъминобод Гулноза Хоҷаеваи 16-соларо, ки дар дасташ кӯдаки 1-сола дошт, зер кардааст.

Мутаассифона, кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва духтари ноболиғ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман” Қосимҷон Ниёзов, сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи мошингарди Ховалинг – Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба ҷарӣ чаппа мешавад.

“Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Алишер Мақсудови 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ронанда Қ.Ниёзов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи ҳолату сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқу тафтишот қарор гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.