Собиқ директори Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон барои порагирӣ ва қаллобӣ маҳкум шуд. Суди шаҳри Тошканд Равшан Иброҳимовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.
Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои “қаллобӣ”, “додани пора”, “қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада” гунаҳкор дониста шудааст.
Собиқ муовини сардори Агентии муҳоҷирати ин кишвар Улуғбек Назаров низ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта хабар дода шуда буд, ки Иброҳимов ва муовини ӯ Улуғбек Назаров, ҳамчунин боз ду корманди мақомоти раҳбарии Агентӣ ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳо бо суиистифода аз мансаб ба ҳабс гирифта шудаанд.
Он замон манбаъҳои огаҳ аз ҷузъиёти ин қазия зикр карда буданд, ки мансабдорони ҳабсшуда ба гирифтани пора аз шаҳрвандон дар ҳаҷми беш аз 20 млн. доллар барои ба кор фиристодани онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ гумонбар дониста мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.