Ровиёни барномаи “С миру по нитке” (Хӯшае аз ҳар гӯшае) аз Тоҷикистон боздид карданд. Барнома рӯзи якшанбе дар шабакаи телевизиони «Мир Premium» ва «Мир 24» намоиш дода шуд.
Сергей Беликов ва Александра Корчагина барои дарки зебоӣ ба гунаи тоҷикӣ талош варзиданд, қаламрави ҳаммарз бо Афғонистонро тамошо карданд, бо бадахшиҳои кабудчашм вохӯрда, аз хӯрокҳои миллӣ тановул карданд.
Рӯзи аввал Алесандара бо супориши Сергей Беликов ба Хонаи миллии мӯд дар Душанбе рафт. Ӯ дар он ҷо либосҳои тарроҳ Хуршед Сатторовро пӯшида, ба рангорангии нақшу нигори миллӣ баҳо дод.
“Нақшу нигору гулдӯзӣ. Сарулибоси ҳамарӯзаест, ки метавон онро дар ҳамин ҷо ва ҳозир харидорӣ кард. Мефаҳмед, ҳамаи ин дар ҳамин ҷо ҳаст. Ва боз ман фаҳмидам, ки дар ҳар кадом аз минтақаҳои Тоҷикистон сарулибос ва нақшу нигори алоҳида ҳаст. Масалан, кӯлобӣ ё помирӣ. Бубинед, чӣ қадар зебост. Вақте ба ин ҷо меоед, натанҳо онро ба қаду баратон чен мекунед, балки дар бораи сарулибоси маъмулии Тоҷикистон маълумоти муфассал дармеёбед”, – иброз дошт Александра.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.