Дилшод Назаров қаҳрамони миллӣ аст. Ӯ нахустин ва то ҳол ягона қаҳрамони олимпӣ дар таърихи соҳбистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Вақте Дилшод нав ба варзишгарӣ шуғл меварзид, модараш барои ӯ дастӣ асбобу олоти варзишӣ тайёр мекард. Дар ин бора дар гузориши журналистони шабакаи телевизиони Olympic Channel доир ба Назаров маълумот дода мешавад.
Гурӯҳи журналистон ва наворбардорон тамоми рӯзи тамринӣ ҳамроҳи ӯ буданд. Дар ин муддат ӯ аз овони кӯдакӣ, тарзу усули омодагиаш ба мусобиқаҳо ҳикоят кард.
“Дар як давра ба ман модарам кумак мекард, – ҳикоят мекунад ӯ. – Мушкилот зиёд буд, гурз намерасид, мо худамон месохтем”.
Дар майдони тамрин модари қаҳрамон ҳам ҳузур дорад, ки ба гурзандоз машварату маслиҳат медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.