Дар Тюмен падару 2 писараш барои рабудани тоҷик маҳкум шуданд

Суди ноҳияи Марказии шаҳри Тюмени Русия оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 55-сола ва 2 писараш (22 ва 28-сола) ҳукм содир намуд. Онҳо ба рабудани тоҷикистонии 19-сола Шаҳром Соҳибов гунаҳкор дониста шуданд. Тавре маркази матбуоти прокуратураи вилояти Тюмен хабар медиҳад, онҳо дар ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор эътироф гардидаанд. Ба иттилои […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Суди ноҳияи Марказии шаҳри Тюмени Русия оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 55-сола ва 2 писараш (22 ва 28-сола) ҳукм содир намуд. Онҳо ба рабудани тоҷикистонии 19-сола Шаҳром Соҳибов гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре маркази матбуоти прокуратураи вилояти Тюмен хабар медиҳад, онҳо дар ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор эътироф гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли 2019 мард ва писаронаш бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардани маблағи калон аз шиносашон – савдогари чормағз ва хушкмева Шаҳром Соҳибови 19-сола нақша тарҳрезӣ кардаанд.

“Шоми 22 ноябри соли 2019 мард бо баҳонаи харидани ҳамаи маҳсулот савдогарро ба хонааш меорад, ки дар он ҷо ду писараш будаанд. Дар он ҷо дасту пойи Шаҳромро бо скотч баста, дар анборхона маҳкам ва барои раҳо карданаш 2 млн рубл маблағ талаб мекунанд. Баъдан талаби маблағ то 500 ҳазор рубл пойин оварда мешавад”, – қайд мешавад дар сомонаи прокуратура.

Гуфта мешавад, шоми 27 ноябр ба Шаҳром муяссар мегардад, ки аз дасти онҳо гурезад: ӯ фурсати қулайро интихоб карда, тирезаро мекушояд ва бо сару пойи луч худро ба кӯча партофта, ба яке аз даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматӣ медарояд ва дари хонаҳоро тақ-тақ мекунад.

“Бо телефони яке аз сокинони ин хонаҳо ӯ ба падараш занг мезанад. Падараш такси фармоиш дода, бо он Шаҳром ба хона меояд. Баъди чанд рӯз тамаъҷӯён аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуданд”, – омадааст дар маълумот.

Бо ҳукми суд падари хонавода ба 9 ва писаронаш 8-солӣ ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Ғайр аз ин, суд аз маҳкумшудагон  ба нафъи ҷабрдида 300 ҳазор рубл ҷуброни зиёни маънавӣ рӯёнидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории мустақили “Ахбор”, ин падару писарон низ зодагони Тоҷикистон будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.