Қазоқистон содироти гази моеъро бо мошин се сол манъ кард

Бо фармони вазири энергетикаи Қазоқистон содироти гази моеъи нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муддати се сол манъ шуд. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати энергетикаи Қазоқистон, ҳамчунин соли 2017 низ фармони ба ин монанд ба муддати се сол содир гардида буд. Моҳиятан Вазорат манъи содиротро боз ба муҳлати се соли дигар дароз кард. Дар Вазорат таъкид […]

Бо фармони вазири энергетикаи Қазоқистон содироти гази моеъи нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муддати се сол манъ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати энергетикаи Қазоқистон, ҳамчунин соли 2017 низ фармони ба ин монанд ба муддати се сол содир гардида буд. Моҳиятан Вазорат манъи содиротро боз ба муҳлати се соли дигар дароз кард.

Дар Вазорат таъкид месозанд, ки шабакаҳои ҷудогона газро, ки барои таъмини эҳиёҷоти дохилӣ пешбинӣ гардида буд,  ғайриқонунӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон содирот мекарданд.

“Содироти ғайриқонунии сӯзишвории моеъи нафтӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад, зеро назорати ин воситаи ҳамлу нақл қариб ғайриимкон аст”, – таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пас аз роҳандозии тадбирҳо дар соли 2017 вазъи таъминоти бозори дохилӣ бо гази моеъ ба эътидол омада, аз мақомоти дахлдор доир ба далелҳои кӯшиши содироти он ба хориҷи кишвар маълумот нарасид.

“Ба ин тариқ, – илова мекунанд дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон. – Фармони мазкур ҷиҳати роҳ надодан ба содироти ғайриқонунии гази моеъ ба хориҷи кишвар ва пешгирии камбуди он дар бозори дохилӣ дар робита ба фарқияти зиёди нархҳои тасдиқшудаи содиротӣ ва дохилӣ равона шудааст”.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ), инчунин аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад.

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон давоми се моҳи тобистон қариб 90% боло рафт.

Беш аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода бурда, ҳанӯз охири моҳи май дар нуқтаҳои сӯзишворӣ он бо нархи 2,50 сомонӣ (барои 1 литр) фурӯхта мешуд. Нимаи моҳи август 1 литри он аллакай 4,70 сомонӣ арзиш дошт.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли равон ба санҷиши ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон пардохт. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд, ки ҳиссаи нисбатан баландтар ба “Алат” (18%), “Темур Ойл” (11%), “Ғайрат” (10%) ва “Октан сервис” (10%) рост меояд.

Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти 10 ширкат, ки ба таҳвил ва фурӯши чаканаи гази табиӣ машғуланд, кормандони Хадамот ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх ба ин навъи сӯзишвориро ошкор карданд.

Қонуншиканон ба маблағи умумии 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона шуд.

Ба туфайли он арзиши гази моеъ ба ҳисоби миёна аз 4,7 сомонӣ (барои 1 литр) дар нимаи моҳи август то ба 4,3 сомонӣ ба аввали моҳи сентябр поин рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.