Иди “Меҳргон” ва Намоиш-фестивали биринҷ дар Душанбе

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт рӯзи 18 октябр Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад. Деҳқонони мамлакат маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ ва  сабзавоту меваро  бо нархҳои дастрас ба мардум […]

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт рӯзи 18 октябр Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад.

Ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад.

Деҳқонони мамлакат маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ ва  сабзавоту меваро  бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш мекунанд.

Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузори барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.

Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон  – “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.