Нақшаи 2,4 баробар афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии Тоҷикистон то соли 2025

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши назарраси ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии кишварро дар зарфи панҷ соли наздик ба нақша гирифтааст. Дар Барномаи рушди саноати мошинсозӣ дар давраи солҳои 2020-2025, ки охири моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, дар ин бора маълумот дода мешавад. “Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа дар ин давра 2,4 баробар зиёд мешавад (афзоиши солонаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши назарраси ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии кишварро дар зарфи панҷ соли наздик ба нақша гирифтааст.

Дар Барномаи рушди саноати мошинсозӣ дар давраи солҳои 2020-2025, ки охири моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, дар ин бора маълумот дода мешавад.

“Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа дар ин давра 2,4 баробар зиёд мешавад (афзоиши солонаи маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ дар ҳудуди аз 10 то 12% пешбинӣ шудааст)”, – қайд мешавад дар санад.

Барнома ба сифати санади дастурамл дар ҷараёни гузариши иқтисоди кишвар аз аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ дар давраи то соли 2025 амал мекунад.

Барои амалисозии Барнома ҷалби сармоягузориҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои мавҷуда, аз ҷумла аз дохил ва хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, давоми солҳои 2018-2019 ҷумҳурӣ барои тавсеъаи фондҳои асосии корхонаҳои саноати мошинсозӣ 65 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб намуд.

“Маблағгузорӣ асосан ба таъсиси корхонаҳои нави соҳаи мошинсозӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши номгӯйи маҳсулот, ҷорисозии технологияҳои нав, автоматикунонии ҷараёни истеҳсолот ва ивази таҷҳизоту механизмҳои фарсудашуда равона мегарданд”, – қайд мешавад дар санад.

Сохтори саноати мошинсозии Тоҷикистон аз соҳаи коркарди фулузот (металл) ва истеҳсоли маҳсулоти фулузотӣ, коркарди аввалияи алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти алюминӣ, истеҳсоли техникаҳои гуногун ва мошинҳои кишоварзӣ, автобусҳои гуногунтамға, истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ ва электронӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва корхонаҳои хурд оид ба коркарди оҳанпора ва партовҳои фулузоти сиёҳ ва ранга иборат аст.

Соли 2019 корхонаҳои саноати мошинсозӣ ба маблағи зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Соли 2019 ҳиссаи соҳаи мошинсозӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар 7,4%-ро ташкил дод.

То аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 295 корхонаҳои саноати мошинсозӣ амал мекарданд. Аксарияти онҳо ба коркарди фулузот ва истеҳсоли маҳсулоти фулузотӣ машғул буда, ҳудуди 25%-и онҳо техникаҳои гуногун истеҳсол мекунанд.

Ҳиссаи корхонаҳои давлатӣ дар шумори умумӣ 21%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио