Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Баҳрайн ва АМА дар моҳи ноябр

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рақибонашро дар бозиҳои дӯстона, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, муайян кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, рӯзи 7 ноябр футболбозони тоҷик бо тими Баҳрайн ва рӯзи 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунад. Ҳар ду бозиро шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев дар меҳмонӣ – дар шаҳри Дубай мегузаронанд. Гуфта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рақибонашро дар бозиҳои дӯстона, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, муайян кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, рӯзи 7 ноябр футболбозони тоҷик бо тими Баҳрайн ва рӯзи 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунад. Ҳар ду бозиро шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев дар меҳмонӣ – дар шаҳри Дубай мегузаронанд.

Гуфта мешавад, машқу тамринҳои омодагӣ ба ин бозиҳоро мунтахаби миллии кишвар охири моҳи октябр оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа соли оянда мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Муғулистон ва Мянма бозӣ хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио