Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, барои бастани никоҳи бидуни сабт дар мақомоти расмии давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ роҳандозӣ кунанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гавҳар Олимова, муовини раиси вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар ин робита изҳор доштааст, ки барои бастани никоҳи бидуни қайд дар мақомоти давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
“Дар ин маврид ҳоло дар ҷумҳурӣ ба қонунгузорӣ тағйирот ворид мешавад ва дар асоси ин тағйирот, домуллоҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд, ки бидуни санади САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ) зану мардро никоҳ мекунанд", – гуфтааст ӯ.
Зикр мешавад, ки ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ расман 33 ҳазор ҷуфт аз қайди расмии никоҳи давлатӣ гузаштаанд. Ин дар ҳолест, ки 12 150 оилаи дигар бар асоси қонунҳои шариат оила бунёд кардаанд.