КҲФ аҳолиро ҷиҳати омодагӣ ба сардиҳо даъват мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 28 октябр то 29 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорат паст мешавад ва ин ҳушдоре аз оғози сардиҳои сол аст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Суғду […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 28 октябр то 29 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорат паст мешавад ва ин ҳушдоре аз оғози сардиҳои сол аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон 0 + 3° гарм ва дар баъзе ноҳияҳо 1-2°  хунук мешавад.  Табиист, ки сардии ҳаво барои маҳсулоти кишварзии саҳро таҳдидҳо хоҳад дошт.

Дар ин робита, Кумита ба аҳолии сокини минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон хотиррасон мекунад, ки ҳосили пухтарасидаро сари вақт бардоранд ва он зироатҳое, ки ҳанӯз напухтаву норасиданд, бояд дар чунин рӯзҳо бо плёнкаи пластикӣ ва хасу пахол пӯшонанд.  Кумита бо назардошти вазъи баамаломада ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки барои ҳифзи ҳосили дермонда чораҳои бетаъхири пешгирикунанда андешанд.

КҲФ инчунин даъват мекунад, ки ба соҳаи чорводорӣ бештар бояд таваҷҷуҳ кард. Сокинон ҳангоми чаронидани чорво дар доманакӯҳҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ бештар аз ҳар вақти дигар эҳтиёт шаванд.

Гуфта мешавад, ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд низоми ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳеч ваҷҳ суръатро боло набаранд, масофаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шавад. Маъмулан, дар чунин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг эҳтимол дорад, аз ин рӯ бояд эҳтиёткор буд.

Сардии ҳаво эҳтиёҷи одамонро ба асбобҳои барқӣ бештар мекунад. Бахусус ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунед, сари вақт аз вазъи ноқилҳо бохабар бошед. Касоне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дар оғози фасли сард бояд ҳатман дудбарои хонаҳоеро, ки бо бухорӣ гарм мекунанд, оташдонҳову танӯрҳои нонпазиро аз қабр хабар гиранд, тоза кунанд ва худро ба фасли сард омода созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.