Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав тести ройгони COVID-19 супурда метавонанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки дар ш. Москва бо сарпарастии фонди Viva Glam, маркази федералии ВНМО (СПИД) ва гурӯҳи коршиносии минтақавӣ доир ба сиҳатии муҳоҷирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар заминаи бунёди хайриявии “Шаги” (“Қадамҳо”) лоиҳаи […]

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки дар ш. Москва бо сарпарастии фонди Viva Glam, маркази федералии ВНМО (СПИД) ва гурӯҳи коршиносии минтақавӣ доир ба сиҳатии муҳоҷирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар заминаи бунёди хайриявии “Шаги” (“Қадамҳо”) лоиҳаи башардӯстона ҷиҳати пешгирии бемориҳои ВНМО (СПИД) ва COVID-19 “Қадам ба солимӣ” роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Намояндагӣ, ҳадафи асосии барномаи мазкур солим нигоҳ доштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошад. Дар доираи лоиҳа хоҳишмандон метавонанд ройгон ва ба таври махфӣ ташхиси таъҷилиро барои муайян кардани бемориҳои ВНМО, гепатити В, С ва сифилис гузаранд ва маводи зарурии пешгирикунандаи бемориҳои ВНМО ва COVID-19 гиранд.

Ҳамзамон, дар ҳолати зарурӣ, тариқи платформаи маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои фонд ба муҳоҷири меҳнатӣ машварати мутахассиси бемориҳои сироятӣ, генетикӣ, равоншинос ва коршиноси наркология дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки тамоми машваратҳо ройгон ва махфӣ, аз соати 14:00 то 19:30 рӯзҳои душанбе-ҷумъа, бо телефонҳои +7967-079-71-45, +7915-462-55-21, +7915-452-83-92 сурат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.