Афзоиши босуръати ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳои Тоҷикистон

Моҳи сентябри соли равон шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 2 баробар афзуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 118 ҳодисаи дуздӣ дар хонаҳоро ба қайд гирифтаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳодиса ва моҳи […]

Моҳи сентябри соли равон шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 2 баробар афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 118 ҳодисаи дуздӣ дар хонаҳоро ба қайд гирифтаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳодиса ва моҳи августи соли ҷорӣ 26 ҳодиса зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ афзоиши босуръати ҷиноятҳое ба мисли ғоратгарӣ (2,3 баробар), одамрабоӣ (2 баробар), порагирӣ (62,5%) сабт шудааст.

Ба сурати умум дар моҳи гузашта шумори қариб ҳамаи намудҳои ҷинояткорӣ афзудааст, ба ҷуз таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он: аз 4 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2019 то ба 3 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2020.

Моҳи сентябри соли равон да ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 2,1 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2019 ба андозаи 13,5% (252 ҳолат) зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар кишвар ҳудуди 17,9 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 670 ҳолат зиёдар аст.

Афзоиши сабти ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 18,6% ва шаҳри Душанбе – 0,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ВМКБ 13,8%, вилояти Суғд – 8,3% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 4% камтар содир намудани ҷиноятҳо сабт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.