Оғози таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 ноябр

Рӯзи 31 октябр дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз чоряки якум натиҷагирӣ шуда, хонандагон ба муҳлати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, дар ин давра муаллимон ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” машғул мешаванд. “Вазорат номгӯи тавсияшудаи адабиёти бадеӣ аз […]

Рӯзи 31 октябр дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз чоряки якум натиҷагирӣ шуда, хонандагон ба муҳлати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар ин давра муаллимон ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” машғул мешаванд.

“Вазорат номгӯи тавсияшудаи адабиёти бадеӣ аз 299 асарро барои хониши беруназсинфӣ тартиб дод. Ҳамчунин дар таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи гиромидошти адибони тоҷик баргузор мешавад. Дар ин давра марҳилаи аввали олимпиада оғоз мегардад, ки дар он хонандагони фаъолу аълохон иштирок мекунанд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони мактабҳо ҳамасола вақти таътили зимистона доир мегардад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Вазорати маориф ва илм ҳамчунин ният дорад, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба иштирок дар барномаҳои илмиву адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон ҷалб намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.