Панҷакент. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ амрнома ва огоҳиномаи прокурорӣ дода шудааст.
Прокурори шаҳр Рустам Азизов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баргузории санҷиши назорати прокурорӣ ва тафтишоти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар нимсолаи аввал 137 огоҳинома ва 110 эътирознома бароварда шудааст.
Ба қавли ӯ, дар натиҷаи баррасии қарорҳои мазкур нисбат ба 104 нафар ҷавобгарии интизомӣ,
94 нафар ҷавобгарии моддӣ ва 131 нафар ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.
«Ба буҷаи ҷумҳурӣ 491 ҳазору 718 сомонӣ хисороти воридгашта баргардонида шудааст, – идома дод прокурор. – Дар маҷмӯъ, ба додгоҳ 36 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1 миллиону 779 ҳазору 382 сомонӣ ирсол гардидааст».
Дар шарҳи ирсоли амрномаву аризаҳои даъвогӣ Р.Азизов изҳор дошт, ки бештари маблағҳо ба соҳаи андоз дахл доранд ва бо айби рафтори хунукназаронаи кормандони нозироти андоз ба вуҷуд омадаанд.
«Ҷиҳати ошкор сохтан, пешгирӣ намудан ва бартараф сохтани қонуншиканиҳо прокуратура тамоми чораҳоро меандешад», – афзуд Р.Азизов.