Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабона уҳдадор кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдорӣ хабар доданд, навбатдорон ба ҳалли фаврии мушкилоти сокинони шаҳр вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва дигар ҳолатҳои фавқулода вазифадор шуданд.
Навбатдории шабонаи муовинони шаҳрдор ва раисони ноҳияҳои пойтахт то охири моҳи марти соли 2020 идома меёбад.
“Навбатдорон ба ҳалли мушкилоти сокинони шаҳр, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, шахсан масъуланд”, – таъкид дошт манбаъ.
Муроҷиат ва арзу шикоятҳои сокинони шаҳр ба навбатдорон бо телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 қабул карда мешаванд.
Аввали моҳи ноябр ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ба сокинони пойтахт интиқоли мунтазами барқро ваъда дод. Он замон эълон шуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр то фасли баҳор гузаронида намешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.
Аммо қатъи интиқоли барқ қариб дар тамоми шаҳр идома дошта, он на ҳама вақт ба садама дар хатҳо вобаста аст.
Аз ин рӯ, дар ин муассиса низ навбатдории шабонарӯзӣ ташки шудааст.
Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 221 66 18 занг занед.
Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.
Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:
Исмоили Сомонӣ – 227 27 23
Шоҳмансур – 227 27 21
Фирдавсӣ – 234 86 05
Сино – 236 33 19.
Агар ногоҳ ба шумо кумаке лозим шавад, дар зер рақами телефонҳои хадамоти наҷотдиҳиро пешниҳод мекунем, ки тариқи телефони мобилӣ метавон ба онҳо занг зад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.