Хонандаи 10-сола Бенямини Илҳом, ки зимни суҳбат раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мутаассир кард, пеш аз нақли беморияш, ба сарвари давлат порчае аз достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакарро азёд гуфт.
Ин достон дар бораи он ҳикоят мекунад, ки дар кӯҳҳои Помир як шахси камбағал қиссаеро дар бораи “Қишлоқи тиллоӣ” шунида, тариқи кӯҳу дашту биёбон ба ҷустуҷӯйи он меравад.
Аммо дар ниҳояти кор аз оворагардӣ хаста ва ин қишлоқи тиллоиро, ки “дар он ҳама ҷо тозаву ҳама баробаранд…. ҳама солиму хушбахтанд” пайдо намекунад ва ба хонааш бармегардад.
Қаблан хабар дода будем, ки зимни ифтитоҳи мактаби нав дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо писарчаи 10-сола Бенямин Илҳом, яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” суҳбат кард.
Писарча ба сарвари давлат изҳор дошт, ки бемор буда, ба табобат дар хориҷи кишвар ниёз дорад. Раисҷумҳур дастур дод, ки ташхис ва табобати писарча зери назорат гирифта шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.