Раисҷумҳур аз мансабдорони давлатӣ даъват кард, ки дар риояи талаботи қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” худашон намуна бошанд.
Зимни суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президент таъкид дошт, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин дигар қонунҳо бошанд.
“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд, зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, – изҳор дошт ӯ.
Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба роҳу усулҳои баъд аз адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд.
“Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯйи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд”, – қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул кардани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шуда, инчунин минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд.
“Вобаста ба ин, ба ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд”, – қайд кард президент.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.