Муовини аввали вазири мудофиаи Русия Руслан Тсаликов ҳамроҳи сарфармондеҳи Нерӯҳои хушкигард Олег Салюков ва фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапин рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шинос шуданд.
“Муовини аввали вазири мудофиа гузориши фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапинро дар бораи иншооти сохташуда ва дигар иншооте, ки барои ба истифода додан омода мешаванд, шунид”, – қайд мешавад дар иттилои Вазорати мудофиаи Русия.
Ҳамон рӯз ҳамчунин барои журналистони Русия ва Тоҷикистон дар қаламрави пойгоҳ ва машқгоҳи Лоҳур низомиён экскурсия (сайругашт)-и шиносоӣ гузарониданд.
Ба онҳо тарзи оғози навбатдории ҳайати дивизиони низоми мушакии С-300, машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ оид ба ошкор кардани ҳадаф дар фазо, қитъаи убури монеаҳо нишон дода шуд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Он айни замон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Дар ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Бохтар мустақар аст.
Охири соли гузашта гурӯҳи мудофиаи зиддиҳавоии пойгоҳи 201-уми Русия бо низомҳои дифои зиддиҳавоии дарозмасофа пурзӯр карда шуд. 1-уми декабр низоми дифои зиддиҳавоии С-300ПС ба навбатдорӣ оғоз кард.
С-300 низоми мушакиест, ки ба нобуд кардани ҳавопаймоҳои муосир, аз ҷумла, бо технологияи “стелс” сохташуда, мушакҳои баллистикии миёнамасофа, мушакҳои оперативӣ-тактикӣ ва тактикӣ, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бозрасии радиолокатсионӣ, ҳадафгирӣ ва маҷмааҳои иктишофӣ-зарбазанӣ қодир аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.