Имрӯз, 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Хабарнигорони “Азия-Плюс” ба раъйдиҳӣ рафтанд ва ҳамзамон мушоҳида карданд, ки то кадом андоза одитарин қоидаҳои овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботии шаҳри Душанбе риоя мешаванд. Мо муайян карданӣ шудем, ки оё онҳо барои худ ва ҳамзамон ба ҷойи аъзои оилаашон овоз дода метавонанд? Маълум шуд, ки дар баъзе қитъаҳои интихоботӣ чунин амал имконпазир аст.
“Ба ҷойи аъзои оилаи худ овоз бидеҳ”
Дар қитъаи якмандатаи интихоботии №4-и ноҳияи Сино, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 ҷойгир аст, ба хабарнигор барои овоздиҳӣ ба ҷойи ҳамаи аъзои оила иҷозат доданд.
“Вақте 3 хабарномаро дароз кардам – онҳо барои ман ва аъзои оилаам буданд – аз ман пурсиданд, ки оё ба ҷойи ҳама овоз медиҳам? Розӣ шудам. Ба ман рӯйхати сабтиноми раъйдиҳандагонро доданд, ки дар он ба ҷойи ҳамаи аъзои оила имзо монда, баргаҳои раъйдиҳиро гирифтам. Дар маҷмӯъ ба ман 12 бюллетени интихобот доданд (4-тогӣ барои ҳар як узви хонавода): рӯйхати номзадҳо ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ, рӯйхати номзадҳо ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ, рӯйхати якмандата ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ. Ман ба ҷойи ҳама аъзои оилаам бюллетенҳоро пур карда, сипас ҳар яки онҳоро ҷудогона ба қуттии интихобот андохтам. Аммо ин амали ман ҳеҷ касро бо шумули нозирон ба ҳайрат наовард”, – нақл кард хабарнигор.
Вай афзуд, ки на танҳо ба ӯ, балки ба дигар интихобкунандагон ҳам имкон доданд, ба ҷойи аъзои оилаи худ овоз диҳанд.
Ба хабарнигори дигари “Азия-Плюс” дар қитъаи интихоботии №12, воқеъ дар дармонгоҳи №15-и ноҳияи Фирдавсӣ чунин имкон надоданд, зеро дар ин вақт раванди интихоботро наворбардорӣ мекарданд.
“Дертар биёед, мо ба шумо бюллетенҳои интихоботро барои аъзои оилаатон ҳам медиҳем. Ҳозир телевизион “съемка” дорад”, – гуфтанд ба ӯ аъзои комиссияи қитъаи интихоботӣ.
Ҳамин хабарнигор дар қитъаи интихоботии дигар овоз дод ва дар он ҷо ба ӯ имкони раъйдиҳиро ба ҷойи аъзои оилааш фароҳам оварданд.
“Ман ба қитъаи интихоботии №7 (воқеъ дар бинои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон) аз рӯйи маҳалли зистам даромадам, аммо ному насабам дар рӯйхати интихобкунандагон набуд. Ман суроғаи худро гуфтам ва 2 шиносномаро барои гирифтани баргаҳои раъйдиҳӣ ба номи худам ва узви дигари оилаам дароз кардам. Маълумотро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон ворид карданд ва баргаҳои раъйдиҳиро ба ман доданд. Дар натиҷа аз номи худам ва ба ҷойи узви оилаам бюллетенҳои интихоботро пур карда, овоз додам. Мушоҳидон тамошо мекарданд, ки ман чӣ гуна баргаҳоро якто-якто ба қуттии интихобот меандохтам, аммо ягон вокуниш накарданд”, – гуфт хабарнигор.
“Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад. Ба ҷойи шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани паспорт ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботӣ гирифта, дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили фамилияи худ имзо мекунад”, – навишта шудааст дар моддаи 39-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”.
Аз рӯйи навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ бармеояд, ки чунин ҳолатҳои раъйдиҳӣ ба ҷойи дигарон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба амал омадаанд.
“Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳӣ шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷойи истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки дар ин бора дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар маҳалли истиқоматиашон ба замимаи рӯйхати интихобкунандагон дохил мешаванд”, – навишта шудааст дар моддаи 40-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”.
Моддаи 79-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани бюллетени интихобот ва бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ) муқаррар кардааст:
Барои аз тарафи узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ба шаҳрванд додани бюллетени интихобот ё бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ бо мақсади овоз додан бар ивази каси дигар ё зиёда аз як маротиба овоз додан дар рафти як овоздиҳӣ ва ё ба шаҳрванд додани бюллетенҳои пуркардашудаи интихобот ё бюллетенҳои пуркардашудаи овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ,
– ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.