Аз назарпурсии “Азия-Плюс” дар кӯчаҳои Душанбе, ки соати 17-и рӯзи 1-уми март ҷараён гирифт, маълум шуд, аксари ҳамсуҳбатони мо ба овоздиҳӣ нарафтаанд.
Зимнан сабабҳои гуногун зикр шуданд: “мушкилот доштам”, “касалам”, “дар хоб мондам”… Бархе гуфтанд, ки то охири рӯз ба раъйдиҳӣ мераванд, вале онҳо ҳатто намедонистанд, қитъаҳои интихоботӣ то соати чанд кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, аксари овоздодагон дар интихобот иқрор шуданд, ки ба ҷойи дигар аъзои оилаи худ низ раъй додаанд.
Ёдрас мекунем, имрӯз дар Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 75,1% ва ё беш аз 3,7 миллион нафар раъй додаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.