Иҷлосияи хотимавии 22-юми палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ даъвати охирин рӯзи 19-уми март баргузор мешавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин хусус қарор ба имзо расонид.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз МММО ҶТ хабар доданд, аъзои палатаи болоии парлумон кодексҳои қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқшуда “Дар бораи нақлиёти автомобилӣ”, “Дар бораи об” ва ғайраро баррасӣ мекунанд.
Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ дар бораи риояи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
Ин иҷлосия барои аъзои Маҷлиси миллии даъвати ҳозира охирин аст. Рӯзи 27-уми март аъзои нави палатаи болоии парлумон интихоб мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.