Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ки дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис дода шуд, баъди ду моҳ ба фаъолият оғоз мекунад. Тибқи қарори ҳукумат, сохтори нав дар заминаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки қаблан ба он тобеъ буд, таъсис дода мешавад.
Бо қарори ҳукумат аз 16 май ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дастур дода шуд, ки мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намоянд.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки хадамоти мазкур дар назди ин вазорат боқӣ мемонад.
“Хадамот дар назди Вазорати тандурустӣ таъсис дода мешавад. Айни замон оид ба омода кардани Муқаррароти Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, ки мувофиқи қарор бояд дар муддати 2 моҳ таҳия шавад, корҳо ҷараён доранд. Ҳоло роҳбар ва муовинони Хадамот таъин нашудаанд”, – хабар доданд дар Вазорат.
Дар қарори ҳукумат, ки дар сомонаи президент нашр шудааст, гуфта мешавад, шумораи умумии басти воҳидҳои корӣ (штат)-и хадамот 36 нафар корманд бо шумули сардори хадамот ва муовинони ӯ муқаррар шудааст. Ҳамчунин се мошини сабукрав низ ба тавозуни Хадамот гузаронида мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.