spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муҷассамаи Нурсултон Назарбоев дар назди Донишгоҳи миллии дифои шаҳри Нурсултон

Дар Донишгоҳи миллии дифоии шаҳри Нурсултон муҷассамаи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қомат афрохт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими пардабардорӣ аз муҷассама онлайнӣ иштирок кард. Ба гуфтаи ӯ, насби муҷассамаи мазкур дар Донишгоҳи миллии дифоии Қазоқистон "амали рамзомез" аст. Зеро Қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон маҳз бо фармони Назарбоев таъсис ёфта, худи ӯ ба тақвияти тавонмандии дифоии он кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст.

Тоқаев Назарбоевро асосгузори Қазоқистони навине номид, ки "стратегияи рушди кишварро" муайян кардааст.

"Сулҳ, субот, шукуфоӣ ва ваҳдат натиҷаи сиёсатҳои Назарбоев аст. Дар таърихи ҳар кишвар шахсияте аст, ки аз худ нишонаҳои фаромушнашаванда боқӣ гузоштаанд. Вазифаи насли наврас қадрдонӣ ва эҳтироми хидматҳои онҳост", – афзуд Тоқаев.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чандин муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Назарбоев, ки ҳафтаи оянда ба 80 медарояд, моҳи марти соли гузашта, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ ба мазҳари ом ҳозир намешавад ва 3 июл хабар доданд, ки вай аз коронавирус шифо ёфт.

Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...