ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 ҷипи J8 тақдим кард

Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомашинаи навъи ҷип тақдим намуд. Тавре ки дар сомонаи сафорати ИМА дар Душанбе зикр мегардад, мошинҳои дорои арзиши 1,4 млн доллар ба нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом […]

Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомашинаи навъи ҷип тақдим намуд.

Тавре ки дар сомонаи сафорати ИМА дар Душанбе зикр мегардад, мошинҳои дорои арзиши 1,4 млн доллар ба нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Хусрав Бобозода, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот, 5 октябр дар маросими супурдани мошинҳои сабукрави бисёрҳадафа иштирок карданд.

“Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем”, изҳор дошт зимни суханронӣ дар маросим сафир Поммершайм.

Гуфта мешавад, Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 млн доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

Дар доираи ин кумак ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба маблағи умумии 10,5 млн доллар 358 мошин тақдим гардид. Ҳамчунин, ба беш аз 10 ҳазор низомӣ ва маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ усулҳои муассири муқобила ба таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти махсус омӯзонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".