Исфара: бо айби бобои ронанда набера ҳалок шуд

Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” сокини 63-солаи шаҳри Исфара Ҳомидҷон Ҷалилов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” бармехӯрад. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ Саидаҳмад Партовов қарор доштааст. “Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” ва набераи 10-солаи ӯ аз […]

Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” сокини 63-солаи шаҳри Исфара Ҳомидҷон Ҷалилов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” бармехӯрад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ Саидаҳмад Партовов қарор доштааст.

“Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” ва набераи 10-солаи ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд”, – хабар медиҳад Вазорат.

Гуфта мешавад, се мусофири дигар автомашинаи сабукрав – Замира, Заррина ва Аъзамҷон Ҷалоловҳо, инчунин ронадаи автомашинаи боркаш бо ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун дар беморхонабистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".