Газу бензин арзон мешавад? Гуфтушуниди Тоҷикистону Қазоқистон дар ин хусус

Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистониро дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки дар ин бора дирӯз, 5 октябр дар шаҳри Нур-Султони […]

Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистониро дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар ин бора дирӯз, 5 октябр дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон  муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Магаумов мулоқот намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот, инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии «КазМунайГаз» ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

– Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд, – гуфт манбаъи мо.

Дар бораи чӣ қадар таҳвили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва имзои созишномаҳо барои воридот байни кадом корхонаҳои ду кишвар ҳамчунин, ҳаҷми он иттилоъ дода намешавад.

Аз вазорати энергетикаи кишвар дар мавриди ҷузъиёти бештари ин масъала изҳорӣ бехбарӣ намуданд ва гуфтанд, бо баргаштани масъулин аз Қазоқистон ҷузъиёти онро расонаӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Қазоқистон бо ирсоли як мактуб Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки то аввали соли 2022 интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад. Инро ба таъмири корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рабт дода буд. Ҳарчанд вуҷуди ин мактубро дар Вазорати энергетика тасдиқ ё рад накарданд, вале гуфтанд ки аз Қазоқистон маҳсулоти нафтӣ ворид намешавад.

– Бо вуҷуди ин, мо нақша дорем, ки дар ин маврид бо Қазоқистон гуфтушунид кунем ва шояд, ки ба натиҷаи мусбат бирасем. Гуфтушгуниди мо идома дорад ва шояд дар ҳаҷми муайян имтиёз диҳад, ки маҳсулоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид шавад, – гуфта буд муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар мусоҳиба бо “Азия – Плюс”.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ, аз  аввали сол дар Тоҷикистон буҳрони маводи сӯхт, аз ҷумла газу бензин ба вуҷуд омадааст, ки нархи ин маводи сӯхт ба таври бесобиқа боло рафта, нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Масъулин сабаби инро дар болоравии нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ маънидод мекунанд. Омиле, ки бархе коршиносон ба он розӣ нестанд.

Бояд гуфт, ки маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон ворид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".