Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Олимпиадаи Пекин дар вазни то 84 килграмм барои медали тилло қувваозмоӣ хоҳад кард.
Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид.
«Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод ва акнун дар даври ниҳоӣ бо варзишгари гурҷӣ Ревази Миндарашвили қувваозмоӣ хоҳад кард», – гуфт Н.Латифов.
Ҳамин тариқ, Юсуф Аюдусаломов ҳатто дар сурати бохти қувваозмоии охирин соҳиби медали нуқра хоҳад гашт. «Қувваозмоии ниҳоии мусобиқоти гӯштини тарзи озод дар ин вазн соати 13.00-и вақти Душанбе оғоз мешавад», – афзуд Н.Латифов.