spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суғд: Далели болоравии нархҳо чист? ИНФОГРАФИКА

Ҳафтаи ахир дар тамоми бозҳорҳои кишвар нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум боло рафт. Хабарнигори “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд ҳам чанде аз бозорҳои вилоятро гашт, то муайян кунад, ки вазъ дар ин бозорҳо чӣ тур аст. Қиммати маҳсулот дар бозорҳои Панҷшанбеи Хуҷанд ва бозорҳои марказии Истаравшану Конибодму Панҷакентро бо ҳам то замони боло рафтани нархҳо ва баъди он муқоиса кардем. Мақомот ва коршинос ҳам далели боло рафтани нархҳоро шарҳ додаанд. 

Якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал боис ба нигаронии сокинон гардидааст. Дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ҳафтае пеш тоҷирон бо арзиши 90-95 дирам тухм мефурӯхтанд, ки ҳоло 1 сомонӣ то ба 1 сомониву 5 дирам боло рафтааст. Шакар аз 6-7 сомонии пешин то ба 8-8,50 сомонӣ,  килои равғани растанӣ аз 12 сомонӣ то ба 15-16 сомонӣ, гӯшти чорво аз 43 сомонӣ то 50 сомонӣ ва аз он ҳам гаронтар шуд. Ҳамчунин боло рафтани қиммати маҳсулоти дигари хӯрокӣ, аз ҷумла картошкаву пиёз низ мушоҳида мешавад. Бо фарқ аз чанд ҳафтаи пеш нархи беш аз 20 номгӯи маҳсулоти хӯрокӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд боло рафтааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИНФОГРАФИКА: Болоравии арзиши маҳсулоти ғизоӣ дар вилояти Суғд

Дар ҳоле арзиши тухм дар вилояти Суғд то 15 дирам боло рафтааст, ки мурғпарварон мегӯянд, иқтидори истеҳсолиро 155 миллиону 412 ҳазор дона дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш зиёд кардаанд. Дар нӯҳ моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 447 миллиону 50 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи сол гузашта 291 миллиону 638 ҳазор дона тухмро ташкил медод. Маъруф Маҳмудзод, сардори шӯъбаи чорвопарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки корхонаҳои истеҳсоли тухм дар мулоқоти рӯзи 15-уми октябр бо Вазири кишоварзӣ аз гарон шудани арзиши тухм дар бозорҳо нигаронӣ кардаанд, ки гӯё онҳо дар ин кор даст доранд.

“Мисол як дона тухм дар корхонаҳои парандапарварӣ бо арзиши 73-75 дирам истеҳсол шуда истодааст. Аммо дасти дуюм ва сеюмро, ки аз корхонаҳои парандапарварӣ тухм мехаранд, бояд кӣ назорат кунад? Нарх дар худи бозор тағйир ёфта истодааст. Мо истеҳсолро зиёд карда истодаем, лекин назорати бозорҳоро ҳам бояд ба ҳисоб гирифт. Ҳангоме, ки нархи маҳсулот боло рафт муаммо ба сари кишоварзон меояд, ки чаро гарон  шуд?”-мегӯяд ӯ.

Бино ба таъкиди манбаъ 90 фоизи маҳсулоти хурокии корхонаҳои парандапарварӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад, ки назар ба соли гузашта 1 тонна гандум 92 доллар, кунҷораи нахӯд (соевый шрот) 70-80 доллар боло рафтааст, ки он ба арзиши як дона тухми истеҳсолӣ бетаъсир нест.

Дар бозорҳои вилоят танҳо қиммати тухми мурғ боло нарафтааст, балки маҳсулоти дигари ниёзи аввал ҳам дигар бо нархҳои пешин фурӯхта намешаванд.

Карим Раҷабов як тоҷикри шаҳри Хуҷанд, ки равған мефурӯшад мегӯяд ҳафтае пеш ӯ 1 кило равғани пахтаро бо 12 ё 12,5 сомонӣ мефурӯхт. Ҳоло нархи ин навъи равған то 4 сомонӣ боло рафтааст. “Ман чаканафурӯш ҳастам, равғанро ман низ харидорӣ мекунам. Болои ҳар килои равғани харидаам 20-30 дирам зам намуда мефурӯшам. То ҷое ба ман ҳам гуфтанд захира кам мондааст ва ҳоло воридоти равған аз Қазоқистон коҳиш ёфтааст”, -мегӯяд ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нархҳои моҳи сентябр: орд қимату помидор арзон шуд

Далер Мирпочоев коршиноси масоили иқтисодӣ, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ ба хусус ниёзи аввалро дар шароити феълӣ боис ба паст шудани сабади истеъмолии хонаводаҳо медонад. “Бояд гуфт, ки гарон шудани нархи маҳсулот, асосан ба онҳое, ки дар соҳаҳои буҷҷетӣ кор мекунанд ва ё шуғл надоранд таъсир мерасонад. Зеро ин вазъ боис ба паст шудани некӯаҳволии онҳо мегардад”.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...