Лигаи қаҳрамонҳои КФО: ”Истиқлол” боз ба Арабистони Саудӣ меравад”

Мисли соли пешин қаҳрамони футболи Тоҷикистон – тими “Истиқлол”-и Душанбе барои баргузории бозиҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар минтақаи Ғарб ба Арабистони Саудӣ меравад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон. Дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 “Истиқлол” дар гуруҳи “А” бо дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райян” (Қатар) ва ғолиби вохӯрии “Шарҷа” (АМА) – […]

Мисли соли пешин қаҳрамони футболи Тоҷикистон – тими “Истиқлол”-и Душанбе барои баргузории бозиҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар минтақаи Ғарб ба Арабистони Саудӣ меравад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 “Истиқлол” дар гуруҳи “А” бо дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райян” (Қатар) ва ғолиби вохӯрии “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Завраа” (Ироқ) рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7 то 27 апрел дар Арабистони Саудӣ – шаҳрҳои Ар-Риёз (гуруҳҳои “А” ва “В”), Ҷидда (гуруҳи “С”), Бурайда (гуруҳи “D”) ва Даммам (гуруҳи “Е”) баргузор мешаванд.

Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гуруҳӣ ғолибони 10 гуруҳ (5 даста дар минтақаи “Шарқ” ва 5 даста – дар минтақаи “Ғарб”) ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Аз дастаҳое, ки зинаи дуюмро ишғол мекунанд, аз 10 даста 6 тим (3-дастагӣ аз ҳар минтақа) ба даври минбаъда роҳхат мегиранд.

Дар сурати ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтан, дастаи “Истиқлол” бозиҳояшро 3 ё 4 феврал баргузор мекунад.

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022:

Минтақаи Ғарб

Гуруҳи “А”: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби бозии ҷуфти «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.