Баъди буҳрони Русияву Укроин ду кишвари дигар Гурҷистону Молдова низ барои шомил шудан ба ИА дархост доданд

Роҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" гуфт, кишвараш нахуст тасмим дошт, ки ин дархостро соли 2024 бикунад, аммо "бо назардошти вазъи сиёсӣ" онро тезонид. Президенти Молдова Майя Санду ҳам гуфт, барои тезонидани раванди шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ариза супурдааст. Ин дар ҳолест, ки Украина рӯзи 28 феврал чунин дархостро аз Иттиҳоди Аврупо кард. Рӯзи 1 март […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Роҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" гуфт, кишвараш нахуст тасмим дошт, ки ин дархостро соли 2024 бикунад, аммо "бо назардошти вазъи сиёсӣ" онро тезонид.

Президенти Молдова Майя Санду ҳам гуфт, барои тезонидани раванди шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ариза супурдааст.

Ин дар ҳолест, ки Украина рӯзи 28 феврал чунин дархостро аз Иттиҳоди Аврупо кард. Рӯзи 1 март дар Брюссел баррасии дархости Украина шуруъ шуд. Дар таърихи Иттиҳоди Аврупо баррасии дархостҳо ба таври фаврӣ сурат нагирифта буд. Тибқи маъмул, дархости кишварҳои барои шомил шудан ба Иттиҳод солҳо давом мекунад.

Талоши Украина барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дар конститутсияи он кишвар зикр шудааст.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина рӯзи 24 феврал шуруъ шуд. Ҷангҳо дар чанд минтақаи он кишвар идома дорад. Ҳазорон украин хонаҳои худро тарк кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.